гуфтугӯй — [گفت وگوي] 1. гуфтугузор, гуфтушунид, муколама, мусоҳиба, сӯҳбат 2. гап гап, овоза, гапҳои росту дурӯғ: боз ҳар гуна гуфтугӯҳо нашавад…; забони гуфтугӯ забоне, ки ба воситаи он мубодилаи афкори халқе сурат мегирад, забони муошират, забони… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуфтушунид — [گفت وشنيد] ба ҳам гап задани чанд кас, гуфтугӯ, гуфтугузор; сӯҳбат, мусоҳиба; гуфтушунид кардан сӯҳбат кардан, гуфтугӯ намудан, музокира кардан дар бораи чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муколама — (муколима) [مکالمه] а 1. гуфтугӯ, мусоҳиба; муколима кардан гуфтугӯ кардан, музокира ва мунозира намудан 2. дар адабиёт ва театр як навъи махсуси нутқи иштироккунандагони асарҳои адабӣ ва намоишномаҳост, ки ғояҳои асосии асарҳо дар гуфтугӯву… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сӯҳбат — [صحبت] 1. мусоҳиба, гуфтугӯ, гуфтугузор 2. нишаст, давра; сӯҳбат кардан гап задан, гуфтугӯ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ